Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» дар ноҳияи Мурғоб

06 декабри 2024, ҷумъа
Дар ноҳияи Мурғоб бо иштироки 3 оила озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» баргузор гардид. Тибқи талаботи низомномаи озмун Шарифова Ҷаннат ғолиб дониста шуда, ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифт.
Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024–2028» ба роҳ монда шуда, имрӯзҳо дар мамлакат ҷараён дорад.
Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» тадбири муҳим буда, аҳли ҷомеаро ба масъалаҳои баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, касбу ҳунаромӯзӣ ва тарбияи дурусти фарзанд ҳидоят менамояд.
Ҳадаф аз баргузор намудани озмун ҷалби ҷомеа, хусусан ҷавонону наврасон ба ҳунармандию касбомӯзӣ, машғул шудан ба истеҳсоли маснуоти ҳунарҳои бадеии халқӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстию худшиносӣ, зебоипарастиву меҳнатдӯстӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.
Ёдовар мешавем, ки дар озмун оилаҳои ҳунарманд аз рўйи намудҳои тасдиқшудаи феҳристи ҳунарҳои бадеии халқӣ иштирок карда метавонанд.
Даври аввали озмун аз 25 ноябр то 5 декабри соли 2024 дар шаҳру ноҳияҳо доир гардида, ҷамъбаст ва маросими мукофотсупорӣ нимаи дуюми моҳи декабр баргузор мегардад.
Ғолибон ва иштирокчиён аз ҷониби кумитаи тадорукот бо Диплому туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мешаванд.
 

Поделиться в