Дар шаҳри Бохтар маъракаи иттилоотии «16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат» баргузор гардид
06 декабри 2024, ҷумъа

Бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон, Ташкилоти Ҷамъиятии «Ғамхорӣ», Ташкилоти Ҷамъиятии «Занони ҳуқуқшинос баҳри тараққиёт» дар доираи баргузории маъракаи иттилоотии «16 рӯзи мубориза алайҳӣ хушунат» дар шаҳри Бохтар ҳамоиш баргузор гардид.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти мавҷудияти номувозинатии гендерӣ дар самти осебпазирии бештари занон доимо дар ҳалли мушкилоти онҳо тадбирҳои муҳимро амали менамояд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, дар бораи имкониятҳои ва таъмини баробарии гендерии духтарону писарон ҳангоми гирифтани маълумот, иштироки занон дар раванди қабули қарорҳо, пешгирӣ намудани зӯроварӣ нисбат ба занон таҳия ва қабул гаштаанд. Ёдовар мешавем, ки бахшида ба ин маъракаи байналмилалӣ Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои тобеи он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барномаҳои фарҳангӣ-иттилоотиро бо иштироки занону духтарон ба нақша гирифтаанд. Маъракаи иттилоотии «16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат» имсол бо шиори «Мубориза бо меъёрҳои зараровари иҷтимоӣ ва рушди меъёрҳои мусбат» 25 ноябр оғоз гардида, 10 декабр дар Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи ҳуқуқи инсон ҷамъбаст мегардад.

