Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

Конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи "Нақши занон дар муқовимат ба коррупсия" ба муносибати Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия

09 декабри 2024, душанбе
Бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистан аз 18 марти соли 2024, №АП-533 "Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон шудани соли 2024» ва бахшида ба «Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия» Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявиро баргузор намуд.
Чорабинии мазкур рӯзи 6 декабри соли равон дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд. Дар конфронс Муовини якуми раиси Кумита Нуруллозода Фирӯза, кормандони дастгоҳи марказии Кумита, кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, раисони Шурои занони вазорату идораҳо, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва мудирони шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Иброз гардид, ки ҳадафи асосии Конференсия - таҳлили нақши занон дар муқовимат ба коррупсия, таҳкими мавқеи онҳо дар ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар аҳамияти ин мушкилот мебошад.
Конференсияи мазкур муҳокимаи фаъол ва муфассали мавзӯъҳои марбут ба нақши занон дар сиёсат ва мубориза бар зидди коррупсияро ба вуҷуд овард ва бо пешниҳоди роҳҳои амалӣ барои баланд бардоштани сатҳи шаффофият ва ҷалби занон дар ин раванд ба анҷом расид.
 

Поделиться в