Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар шаҳри Панҷакент Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» ва «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» баргузор гардид

09 декабри 2024, душанбе
Дар шаҳри Панҷакент Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» ва «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» баргузор гардид. Дар даври вилоятии озмуни «Беҳтарин ҳамсар» оилаи Ҳоҷиевҳо ғолиб дониста шуд.
Шоим Ҳоҷиев дар шабакаҳои барқи шаҳр муҳандис асту ҳамсараш Майсара Фохирова адвокат аст. Онҳо дар оила се фарзандро тарбия менамоянд ва бо муносибату муомилаи нек, маърифати волои оиладорӣ, тарбияи шоистаи фарзандон дар байни дӯстон соҳиби обрӯю эътибор мебошанд. Онҳо барои оилаҳои ҷавон ҳамчун намуна дониста мешаванд.
Дар даври вилоятии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» бошад, омӯзгор Алиҷон Ортиқов, ва омӯзгор ва кашидадӯз Насиба Бобоева, соҳиби ҷои ифтихорӣ гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки озмунҳои марзкур бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати мамлакат бо мақсади тарғиби маърифати оиладорӣ, ба ҳунаромӯзӣ ҷалб намудани ҷавонон баргузор гардид.
 

Поделиться в