Баргузории конференсияи ҷумҳуриявӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон
11 декабри 2024, чоршанбе
Имрӯз бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, дар доираи Соли маърифати ҳуқуқӣ ва Рӯзи байналмилалии ҳуқуқӣ инсон, ки ҳамасола 10 декабр таҷлил мегардад, конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Дар конфронс муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯза Нуруллозода иброз дошт, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат санадҳои зиёди меъёрию ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки тавассути онҳо мавқеи занон баланд бардошта шуд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имконияти баробари амалигардонии онҳо» муносибатҳоро оид ба таъмини кафолатҳои конститутсионии баробарҳуқуқии мардону занон дар соҳаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва дигар соҳаҳо ба танзим дароварда, ҳуқуқпоймолкуниро аз рӯи аломати ҷинсӣ пешгирӣ менамояд ва амалигардонии имконоти баробарҳуқуқии онҳоро муқаррар менамояд.
Ҳамчунин намояндаи Дафтари хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Эри Двиведи, судяи Суди Конститутсиони Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилором Абдураҳимзода, намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқҶумҳурии Тоҷикистон Шоира Раҳматова, намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Обидҷон Шарипов ва дигар намонядагони вазорату идораҳои дахлдор маъруза намуданд.