Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

Бахшида ба ҷамбасти маъракаи иттилоотии «16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат» мизи мудаввар баргузор гардид

13 декабри 2024, ҷумъа
Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкори бо Ташкилоти ҷамъиятии Ассосиатсияи «Марказҳои буҳронии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида ба ҷамбасти маъракаи иттилоотии «16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат» мизи мудаввар баргузор намуд. Дар мизи мудаввар муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯза Нуруллозода ва намояндагони дахлдор иштирок намуданд.
Иброз шуд, ки масъалаи зӯроварӣ дар оила яке аз масъалаҳое мебошад, ки имрӯз таҳти муҳофизат ва дастгирии Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Дар ин самт Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» амал мекунад, ки мақсади қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила танзим мекунад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин маркази буҳронӣ амал мекунанд, ки машваратҳои равонӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоиро пешниҳод менамояд ва ҷиҳати барҳам додани хушунат нисбат ба занон дар ҷамъият, расонидани кӯмаки амалӣ барои ҷабрдидагони хушунати оилавӣ мусоидат мекунад. Баҳри кам кардани зӯроварӣ ва хушунат нисбат ба занон самти баланд бардоштани ҳифзи ҳуқуқи занҳо баҳри пешгирӣ аз хушунати хонаводагӣ равона шудааст.
 

Поделиться в