Вобаста ба роҳҳои пешгирии хушунат ва зӯроварӣ дар оила бо сокинони ноҳия Вахш вохӯрӣ доир гардид
16 декабри 2024, душанбе
13 декабри соли равон дар ноҳияи Вахш бо сокинон дар мавзуи “Роҳҳои пешгирии хушунат ва зӯроварӣ дар оила” вохӯрӣ доир гардид, ки дар он Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон - Рудобаи Мукаррам, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Шодихон Ҷамшед, муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Умеда Абдуллозода, муовини Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Салим Давлатзода ва Раиси ноҳияи Вахш Қурбоналӣ Юсупов иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар вохӯрӣ иброз гардид, ки зӯроварӣ дар оила яке аз зуҳуроти густурдатарини нақзи ҳуқуқи инсон дар ҳама ҷомеаҳо, сарфи назар аз рушди иқтисодии кишвар, дин ва забон ба ҳисоб рафта, ҳамчун як шакли табъизи гендерӣ аз нобаробарии мардон ва занон бармеояд.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон - Рудобаи Мукаррам иброз дошт, ки зӯроварӣ дар оила фазои солими хонаводаро вайрон карда, боиси ба миён омадани нобоварӣ, бедоршавии ҳисси нафрат ва аз байн рафтани муҳаббату самимият мегардад. Ҳол он ки оилаи солим дар заминаи муҳаббату эҳтироми дуҷонибаи аҳли хонавода бунёд меёбад. Зикр гардид, ки бештари муноқишаҳои оилавӣ дар заминаи камхирадӣ, бекорӣ, шуғл ва ҳадафи муайян надоштани аъзои оила дар зиндагӣ сар мезананд. Дар оилаи маърифатнок муноқишаҳо хеле кам сурат гирифта, агар бошад ҳам он боақлона, мусолиҳатомез ва оромона паси сар мегарданд. Дар оилае, ки якдилию ҳамфикрӣ ҳукмрон аст, дар он фарзандон ҷисман ва рӯҳан солим тарбия ёфта, ба камол мерасанд ва чунин оиларо метавон аз оилаҳои хушбахт номид. Илова бар ин, Рудобаи Мукаррам диққати ҳозиринро ба масъалаҳои баланд бардоштани эҳсоси худшиносӣ, худогоҳӣ, ҳувияти миллӣ, омӯзиши илму дониш, ҳифзи арзишҳои миллӣ, пешгирӣ ва мубориза бо падидаҳои манфии раванди ҷаҳонишавӣ ҷалб намуда, роҷеъ ба ҳалли масъалаҳои ҷойдошта ибрози назар кард.
Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Шодихон Ҷамшед, зимни суханронии хеш нишондодҳои омории Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи тиббӣ-судиро мавриди таҳлил қарор дода, қайд кард, ки аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ниҳодҳои давлатӣ ва институтҳои мустақари дохили Тоҷикистон дар сатҳи беморхонаҳо ва таваллудхонаҳо утоқҳои хизматрасонии тиббӣ - иҷтимоӣ барои ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила муҳайё гардидааст, ки дар 27 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ин утоқҳо фаъолият доранд. Соли 2020 бо пешниҳоди вазорат дар шаҳри Душанбе Маркази ҷумҳуриявии хизматрасонии иҷтимоӣ ба қурбониёни савдои одамон ва ҷабрдидагони зуроварӣ дар оила таъсис дода шуд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ин марказ дар давоми 11 моҳи соли 2024 қариби 123 нафарро қабул кардааст, ки дар масъалаи расонидани кумакҳои ҳуқуқӣ, тиббӣ ё ташхису табобати тиббӣ ва дастгирии иҷтимоӣ ёрдами бевоситаи худро мерасонад. Инчунин, гуфта шуд, ки ҳар як шаҳрванд вазифадор аст, ки нисбати ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ нисбати занону духтарон бетараф набошад, ба ҷабрдидагон аз хушунат доғ назанад, дар таъмини баробарҳуқуқии мардону занон саҳми арзандаи худро гузорад.
Муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Умеда Абдуллозода оид ба мафҳумҳои асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”, ки муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила танзим ва пешгирӣ, бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба он мусоидаткунандаро муайян менамояд суханронӣ намуда, аз ҷумла зикр кард, ки - зӯроварӣ дар оила - кирдори зиддиҳуқуқии қасдонаи дорои хусусияти ҷисмонӣ, рӯҳӣ, шаҳвонӣ ё иқтисодӣ, ки дар доираи муносибатҳои оилавӣ аз ҷониби як узви оила нисбат ба дигар узви оила содир шуда, боиси поймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, расонидани дарди ҷисмонӣ ё зарар ба саломатии ӯ мегардад, ба вуҷуд меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ҷиҳати таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, аз ҷумла баробарҳуқуқии мардону занон тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баробарҳуқуқии мардону занонро кафолат додааст. Ҳамчунин, таъкид шуд, ки барои ташаккули танзими ҳуқуқии муносибатҳои оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 ноябри соли 1998, №682 калон аст. Аз муҳтавои Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълум мегардад, ки вазифаи муқаррароти он на фақат танзими муносибатҳои оилавӣ, балки дар як маврид таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафолатҳои ҳуқуқии баробарии тамоми иштирокчиёни раванди амалисозии манфиатҳои қонунии онҳо мебошад.
Дар идома, муовини Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Салим Давлатзода таъкид дошт, ки таъмин намудани ҳифзи ҳуқуқҳои оилавӣ дар кишвари мо зери назорат ва диққати доимии Ҳукумати кишвар аст, вале бо вуҷуди ин вобаста ба дастгирии ҳуқуқу манфиатҳои занону ҷавонон дар ин самт муаммоҳои ҳалталаб кам нестанд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мавриди хушунат ва зӯроварӣ нисбат ба занҳо бисёр нигарон аст ва чандин даҳсолаҳост, ки баҳри аз миён бардоштани ин зуҳуроти номатлуб талошҳои рӯзафзун дорад, мутаассифона, хушунату зӯроварӣ ва таҳқири занҳо аз муаммоҳои мубраму ҳалталаби ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Тоҷикистон боқӣ мемонад. -- Дуруст аст, ки муносибати хонаводагӣ бояд дар ҳадди оила ҳаллу фасл шавад ва берун бурдани ҷанҷоли оилавиро аксаран дуруст намедонанд, аммо дар ҳоле, ки хушунат ва таҳқир ҳуқуқҳои як нафарро поймол мекунад, бояд ҳатман ба чунин амал чора андешид. Дар ин самт баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии шаҳрвандон, талошҳои хамаҷонибаи мақомоти дахлдор ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ судманд мебошанд, – иброз дошт Салим Давлатзода.
Дар фарҷоми вохӯрӣ аз ҷониби Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба китобхонаи марказии ноҳияи Вахш ҷилдҳои китоби “Ваҳдат, Давлат, Президент” туҳфа карда шуд.