Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ
Шуъбаи кор бо занон ва оилаи ВМКБ бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Дарвоз, Роштқалъа ва Шуғнон оиди гирифтани пеши роҳи бемории сироятии COVID-19 ва ҷалби аҳолӣ ба корҳои ободонию бунёдкорӣ, кабудизоркунӣ, шинондани гул ва зебо намудани гулгаштҳо, таъмири хонаю дар, тозаву озода нигоҳ намудани ҳавлӣ, риояи талаботи санитарию гигиенӣ дар мағозаю фурӯшгоҳҳо дар байни занону духтарон суҳбату вохӯрҳо гузаронида истодааст.