Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» ва «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» эълон гардиданд

17 декабри 2024, сешанбе
Бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ҷамъбастии озмунҳои ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» ва «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир гардид.
Муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуруллозода Фирӯза ба маросими баргузории даври ниҳоии озмунҳои ҷумҳуриявии “Беҳтарин ҳамсар” ва “Беҳтарин оилаи ҳунарманд” ҳусни оғоз бахшида, зикр намуданд, ки ташкил ва баргузор намудани чунин як озмунҳои маърифатӣ барои таҳкими пояҳои оиладорӣ, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, саҳми ҳамсарон дар солиму пойдор нигоҳ доштани фазои солими оила, тарбияи фарзандони солеҳа, худшиносу худогоҳ , саҳми оилаҳоиҳ ҳунарманд дар эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, ба касбу ҳунаромўзӣ ҷалб намудани фарзандон, наврасону ҷавонон, нақши арзишманди оилаҳо дар ободонии маҳали зист ва ҳамчун оилаи намунавӣ баланд бардоштани обрӯ ва эътибори хонаводаҳо мусоидат менамояд.
Озмунҳои зикргардида дар раванди амалишавии Нақшаи амали Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 роҳандозӣ гардида, бо мақсади тақвияти мавқеи оила дар ҷомеа, густариши фарҳанги оиладорӣ ва таҳкими пояҳои оиладорӣ равона гардиданд.
Дар озмун роҳбарону намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, ғолибони даври дуюми озмуни вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияи Рашт ширкат намуда, дар ҷараёни ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмун бо Шоҳҷоиза, Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳ укумати Ҷумҳ урии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
Ба гирифтани Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин ҳамсар” Алидодов Хушомад аз ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ сазовор дониста шуда, Ҳасанов Бахтиёр аз шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон сазовори ҷойи 1, Бобоев Мунис аз ноҳияи Ашти вилояти Суғд ва Ҳакимов Акмал аз ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сазовори ҷойи 2, Холов Турахон аз ноҳияи Шаҳринав, Муҳаммадшерзодшоев Умед аз шаҳри Хоруғи ВМКБ ва Шарипов Ҳоҷӣ аз ноҳияи Рашт сазовори ҷойи 3 гардиданд.
Каримзода Ҷамшедаз ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, Умаров Нусратулло аз ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон, Ҳоҷиев Шоҳин аз шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд, Охунов Комилҷон аз шаҳри Гулистони вилояти Суғд, Раҷабов Асадулло аз ноҳияи Варзоб, Яқубов Зиёдулло аз ноҳияи Рўдакӣ ва Самадов Умедҷон аз шаҳри Ваҳдат ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ муносиб дониста шуданд.
Дар озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин оилаи ҳунарманд” оилаи Азимова Дилдора аз ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд соҳиби Шоҳҷоиза гардида, оилаи Набиева Нигинамо аз ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе сазовори ҷойи 1, оилаи Лайлиев Некруз аз ноҳияи Рўшони ВМКБ ва оилаи Носиров Фозилҷон аз ноҳияи Шаҳринав соҳиби ҷойи 2, оилаи Қодирова Фариштамо аз ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон, оилаи Рашидов Ҳабибулло аз шаҳри Бўстони вилояти Суғд ва оилаи Шарипов Ташриф аз ноҳияи Рашт ба гирифтани ҷойи сеюми озмун мушарраф гардиданд.
Оилаи Толибзода Абубакр ва оилаи Давлатов Афзал аз ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе, оилаи Элназарова Кенҷамо аз ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, оилаи Ақдодова Навгул аз ноҳияи Шуғнони ВМКБ, оилаи Холиқов Абдусамад аз шаҳри Кўлоби вилояти Хатлон, оилаи Самиев Қаҳрамон аз шаҳри Конибодоми вилояти Суғд, оилаи Шарипов Абдусаттор аз ноҳияи Рўдакӣ ва оилаи Наимова Қутбия аз шаҳри Турсунзода ба гирифтани ҷойҳои ифтихории озмун сазовор дониста шуданд.
Бешак, баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангӣ, иттилоотӣ, тарғиботию ташвиқотӣ, аксияву озмунҳои маърифатӣ бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аъзои оила, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, таҳкими муносибатҳои оилавӣ, фаъолгардонии нақши занону модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ, фароҳам овардани имкониятҳои равониву ҳуқуқӣ баҳри баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷавонон, дастгирии оилаҳои ҷавон, арҷгузоштан ба расму оинҳои миллии оиладорӣ, пешгирии пошхўрии оилаҳо мусоидат менамоянд.
 

Поделиться в