Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тарбия аз оила сарчашма мегирад» муайян гардиданд
25 декабри 2024, чоршанбе
Оила рукни табиӣ ва асоси ҷамъият буда, нахустин мактаб ва ҷойи аслии тарбия аст. Оила макони асосии ба фарҳангу тамаддун, одобу суннатҳои миллӣ мусаллаҳ гардонидани кўдакон мебошад ва бисёр масъалаҳои муқаддасу масъулиятнокро дар рушд, тақвият, тарбия ва саодати инсонӣ ба ўҳда дорад. Махсусан, оилаҳои бофарҳангу боистеъдод ва соҳибхираду муваффақ дар ҷомеа мақоми шоиста дошта, баҳри тарбияи насли солиму ояндасози миллат саҳми арзанда гузошта, ба халқу Ватан содиқона хизмат менамоянд.
Дар самти рушди оила, баланд бардоштани вазъи некўаҳволии мардум, тарбияи дурусти кўдакон ва ба роҳи дурахшони зиндагӣ раҳсипор кардани онҳо аз ҷониби давлату Ҳукумати мамлакат пайваста тадбирҳои судманду саривақтӣ роҳандозӣ мегарданд.
Баргузории Озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин маводи назмию насрӣ вобаста ба масъалаҳои оиладорӣ ва тарбияи фарзанд таҳти унвони «Тарбия аз оила сарчашма мегирад» тадбири муҳим ва иқдоми наҷиби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аҳли ҷомеаро бори дигар ба масъалаҳои баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ва тарбияи дурусти фарзанд ҳидоят менамояд.
Ҳадаф аз баргузор намудани озмуни мазкур пеш аз ҳама иҷрои босифати банди 4-и Нақшаи амал барои солҳои 2024-2026-и «Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024–2028» буда, ҷиҳати ҷалби мардум, хусусан ҷавонону наврасон ба мутолиаи китоб, бедор намудани майлу рағбат ба эҷодиёт, эҷодкорию суханварӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандўстию худшиносӣ, зебоипарастиву меҳнатдўстӣ, пешгирӣ аз ҳама гуна зуҳуроти номатлуб ва дар умум, тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.
Ғолибону иштирокчиёни фаъол бо Диплому туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.