Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

«Зан ва замон: 25-соли музаффарият»

27 декабри 2024, ҷумъа

Таҳти ин унвон бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 25-соли амалишавии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» (3 декабри соли 1999) чорабинии сиёсию фарҳангӣ бо иштироки Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо ва доираи васеи занону бонувони фаъоли соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат баргузор гардид. Чорабинӣ бо намоиши филм аз боби дастовардҳои занону бонувони тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ оғоз гардида, Муовини Сарвазири мамлакат аз ташаббусҳои беназири Пешвои муаззами миллат дар самти баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа ва нақши занон дар ҳифзи музаффариятҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таҳкими пояҳои навини давлатдории миллӣ бузургу беназир арзёбӣ намуд. Қайд гардид, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ рисолати инсонофариву ҳаётбахшии занонро ҳамеша қадр намуда, ба сиришти поку номи нек ва заҳмату фидокориҳои онҳо дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ҳамеша арҷ мегузорад. Раиси Кумита Файзиддинзода Бунафша зимни суханронӣ аз таваҷҷуҳ, ғамхорӣ ва дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумати мамлакат дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа тавассути интишор ва амалишавии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» қабул гардидани силсила санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти кор бо занон ва оила ибрози назар намуда, аз дастгириҳо ва ғамхориҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати дастгирии мунтазами иқдомоти созандаи занону бонувон изҳори қаноатмандӣ намуд. Занону бонувони соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла, соҳаи илму маориф, бонкдорӣ, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, варзишгарон ва кормандони соҳаи энергетика, хосатан ҶСК НБО-и Роғун ба шарофати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мақому манзалати баргузидаи худ дар ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо, иштироки бевосита дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии кишвар зимни суханронӣ бо ифтихор сухан намуда, зикр доштанд, ки сиёсати хирадмандонаи давлату Ҳукумати мамлакатро ҳамеша ҷонибдорӣ ва тарғиб менамоянд. Дар идомаи чорабинӣ ба як қатор ҳунармандони маъруфи ҷумҳурӣ Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардида, барномаи фарҳангии аҳли ҳунари кишвар анҷомбахши мантиқии чорабинӣ гардид.

 

 

Поделиться в