Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳамоиши занону ҷавондухтарон таҳти унвони “Занон дар меҳвари паём”

06 январи 2025, душанбе
Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши занону ҷавондухтарон таҳти унвони “Занон дар меҳвари паём”-ро бо иштироки доираи васеи занону ҷавондухтарони кишвар баргузор намуд.
Ҳамоиш таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша доир гардида, дар кори он Тағойзода Сумангул - Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, Фарҳод Раҳимӣ -Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гулназарзода Жило-ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои Тоҷикистон, Яздонзода Исфандиёр - муовини директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр карда шуд, ки давлату Ҳукумати мамлакат самти муҳими сиёсати иҷтимоии худро ба ғамхории ҳамаҷониба нисбати занону духтарон равона намуда, имсол аз амалишавии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа" 25 сол сипарӣ гардид, ки таассути амалигардонии он зан-модари тоҷик дар ҷомеа мақом ва манзалати хосаеро касб намуд.
Дар суханрониҳои худ Пешвои муаззами миллат ҳамеша таъкид менамоянд, ки мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии бонувону духтарони тоҷик ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем ва дастгирии ҳамаҷонибаи мавқеи иҷтимоӣ ва ташаббусҳои созандаи онҳоро минбаъд низ идома медиҳем.
Дар Паёми навбати хеш Пешвои муаззами миллат бо як меҳру ихлос, садоқату башорат ва эҳтироми зиёд нисбат ба модарону бонувон қайд карданд, ки модарон бояд ба тарбияи дурусти фарзандон машғул шаванд, зеро инкишофи маънавӣ ва тарбияи ахлоқии фарзанд аз модар вобастагӣ дорад.
Занон, ки имрӯз як паҳлӯи таркибии ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошанд, аз сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар дар роҳи сохтмони ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ пуштибонӣ намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар пешрафту густариши кишвари хеш саҳми арзанда дошта бошанд.
Ин аст, ки сол аз сол таваҷҷуҳу ғамхориҳои Сарвари давлат нисбат ба занон зиёд гардида, баҳри баланд бардоштани мақому манзалати занон, ҷалби онҳо ба хизмати давлатӣ, пешбарӣ намудани занону бонувони лаёқатманд ба вазифаҳои роҳбарикунанда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида истодаанд.

Поделиться в