Корҳои тарғиботӣ дар ноҳияи Шоҳмансур
Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус COVID-19 дар якҷоягӣ бо кормандони Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ва раисони маҳаллаҳои ноҳия, аз ҷумла маҳаллаҳои К.Хуҷандӣ, Шоҳмансур 1, Шодӣ, Восеъ, Чиноро 1 ва 2, Бӯстон 1 ва 2 суҳбату вохӯриҳо доир намуд. Роҷеъ ба ин масъала шаҳрвандон ба мутахассисони соҳаи тандурустӣ саволҳо пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳӣ идома дорад.