Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

13 январи 2025, душанбе
Таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша бо иштироки Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Бахтиёр Тавар ва узви Комиссияи марказии интхобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хидирзода Махфират Умар ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Раиси Кумита интихоботи дар пешистодаро маъракаи муҳими сиёсӣ арзёбӣ намуда, аз сардорони раёсат ва мудирони шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷиддият ва корбарии муваффақонаро дар таъмини иштироки фаъолонаи занону духтарон тақозо намуд.
Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Бахтиёр низ аз масъулини кор бо занон ва оила масъулияти дучандро дар ташкил ва баргузор намудани сатҳи баланди маъракаи интихобот даъват ба амал овард.
 

Поделиться в