«ЗАНОН ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ» Таҳти ин унвон дар шаҳри Турсунзода ҳамоиши занону духтарон баргузор гардид
21 январи 2025, сешанбе
Бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода таҳти унвони “Занон дар меҳвари Паём” ҳамоиши занону духтарон доир шуд.
Пеш аз оғози ҳамоиш ҳунарҳои мардумии занону духтарони минтақаи Ҳисор намоиш дода шуд.
Зимин ҳамоиш нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки 28 декабри соли 2024 ироа гардид, шарҳ дода шуд.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша иброз дошт, ки Ҳукумати мамлакат як самти муҳими сиёсати иҷтимоии худро ба ғамхории ҳамаҷонибаи занону духтарон равона кардааст, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат ба ин самт боз ҳам диққати асосӣ равона гардид.
Баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зан-модари тоҷик дар ҷомеа мақом ва манзалати хосса касб намуд.
«Мо имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки дар ин давра бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» қабул гардид, ки ин сабаби беҳтар гардидани мақоми зан дар ҳаёти ҷомеа гардид», - таъкид шуд дар ҳамоиш.
Гуфта шуд, ки Сарвари давлат дар Паёми навбатї иброз доштанд, ки “Мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафтааст. Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии бонувону духтарони тоҷик ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳоро идома медиҳем”.
Ҳамчунин дар ҳамоиш дар доираи «Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» вобаста ба маърифати ҳуқуқӣ ва оиладорӣ, устувору пойдор нигоҳ доштани оилаҳо, таъмини иштироки фаъолонаи занон дар ҳама соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва саҳми занон дар пешбурди оила, ҷалби оилаҳои ҳунарманд чиҳати рушди ҳунарҳои мардумӣ, баланд бардоштани иқтисодиёти оилаҳо сухан гуфта шуд.
Таъкид гардид, занону бонувонки дар амалӣ намудани танзими расму ойин, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, либоси миллӣ, тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ ва дар зеҳну шуури фарзандон талқин намудани меросу суннати гузаштагон пайваста саҳм мегузоранд, ки бояд ин аъанаро идома диҳанд.
Дар охир ба як зумра занони фаъоли минтақаи Ҳисор Сипосномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид.