Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Вохӯрии судманд бо фаъолони ноҳияи Исмоили Сомонӣ

23 январи 2025, панҷшанбе
22 январи соли 2025 дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ноҳия, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша бо фаъолон вохӯрӣ баргузор гардид.
Вохӯрии мазкур дар доираи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Иброз шуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати фарогири таҳлилу баррасии амиқи тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат ва дурнамои рушди устувори мамлакат дар ҳамаи самтҳо муайян шудааст.
Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша иброз дошт, ки Сарвари давлат дар Паёми соли 2024 корҳои ободкорию созандагӣ дар мамлакатро таҳлил намуда, таъкид доштанд, ки “Барои иҷрои нақшаи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва сокинони бонангу номуси мамлакат дар се соли охир беш аз 20 миллиард сомонӣ хароҷот карда шуд”. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дар самти корҳои ободкорию созандагӣ дар ноҳия кӯчаву маҳаллаҳо бо истифода аз тамоми имконоту захираҳои мавҷуда барои мунтазам беҳтар гардонидани шароити зиндагии мардум нақшаҳои бузурги созандагиро амалӣ намоем.
Дар вохӯрӣ доир ба таъмини амнияти озуқаворӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, амалӣ намудани қонунҳои миллӣ, тарғиби либоси миллӣ, таълиму тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, анҷом додани корҳои ободонию созандагӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша карда шуд.
 

Поделиться в