Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

«ЗАНОН ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ». Таҳти ин унвон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳамоиши занону ҷавондухтарон баргузор гардид

04 феврали 2025, сешанбе

Имрӯз, 4 феврал дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти унвони «Занон дар меҳвари Паём» ҳамоиши занону ҷавондухтарон баргузор гардид.

Дар ҳамоиш раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша, муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода, муовини раиси ноҳия Қурбонзода Қурбон, ва занони фаъоли ноҳия иштирок намуданд.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша иброз дошт, ки дар давоми се даҳсолаи Истиқлолият, Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил гардид ва дар ин раванд саҳми занони кишвар, бахусус вилояти Хатлон, назаррас мебошад.
Саҳми занони вилоят дар рушди соҳаҳои мамлакат назаррас буда, теъдоди зиёди онҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият мекунанд. Имрӯз дар вилоят беш аз 19 ҳазор зан роҳбарии хоҷагиҳои деҳқониро ба уҳда доранд, ки бо меҳнати содиқона дар пешрафти соҳаи кишоварзӣ саҳм мегузоранд, гуфта шуд дар ҳамоиш.
Дар ҳамоиш иштирокчиён аз нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2024 ёдовар шуда, таъкид карданд, ки ҳар шахси худогоҳу ватандӯст бояд онро сармашқи кори худ қарор дода, барои татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат талош намояд.
Баланд бардоштани сатҳи маърифати занон, ҷалби бештари онҳо ба бахшҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, инчунин мусоидат ба рушди соҳибкории занон аз роҳҳои муҳими саҳмгузории онҳо дар пешрафти ҷомеа мебошад.
Иброз гардид, ки баргузории чунин ҳамоишҳо гувоҳи он аст, ки занон нерӯи бузурги пешбарандаи ҷомеа буда, бо истифода аз имкониятҳои фароҳамовардаи давлат метавонанд дар рушди ҳамаҷонибаи кишвар нақши муассир гузоранд. Инчунин барои ҳавасмандгардонии занон ва боло бурдани нақши онҳо дар ҳаёти ҷомеа мусоидат намуда, онҳоро ба фаъолияти боз ҳам босамартар ҳидоят мекунад.
Дар охир ба як зумра занони фаъоли вилояти Хатлон Сипосномаи Кумитаи кор занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Возможно, это изображение 3 человека и помост

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Поделиться в