Боздиди Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи аз коргоҳи дӯзандагии «ҶДММ Сомон 2013» дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
4 феврали соли равон Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо фаъолияти коргоҳи дӯзандагии «Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сомон 2013» шинос шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки дар коргоҳ беш аз 40 нафар бонувони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд. Фаъолияти асосии коргоҳ ба духти либосҳои мактабӣ равона шуда, муассисаҳои таълимии ноҳияро пурра бо либоси ягона таъмин менамояд. Зимни боздид масъулон муҳимияти ҷалби бештари занон ба шуғл ва саҳми онҳо дар рушди иқтисодиёти кишварро таъкид намуда, изҳор доштанд, ки дастгирии соҳаи дӯзандагӣ метавонад ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нави корӣ мусоидат намояд.