Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

«Занон-сипари боэътимоди Ватан». Таҳти ин унвон ҳамоиш баргузор гардид

21 феврали 2025, ҷумъа

«Занон-сипари боэътимоди Ватан». Таҳти ин унвон ҳамоиш баргузор гардид

Имрӯз дар толори Донишгоҳи милли Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҷлили арзандаи 32-юмин солгарди Рўзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки занону бонувони низомипўши сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ҳамоиши сиёсӣ таҳти унвони «Занон-сипари боэътимоди Ватан» баргузор гардид.

 Ҳамоиши таҳти роҳбарии Раиси Кумита Файзиддинзода Бунафша доир гардида, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо ва Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Собирзода Абдураҳим бо сухани табрикотӣ баромад намуданд.

Файзиддинзода Бунафша зимни баромад қайд намуданд, ки осудагии мо, модарон, дар сулҳу суботи кишвар, ободиву созандагии Ватан аст, ки имрӯз таҳти роҳбарии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарзандони баору номус ва қавииродаи модари тоҷик онро таъмин намуда, ҳифзи хоки муқаддаси Ватанро вазифаи ҷонии худ мешуморанд.

Таърих гувоҳ аст, ки сарфи назар аз он мушкилиҳои ҷойдошта Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар солҳои душвори муқовимат бо роҳи пурпечутоби тайнамуда таҷриба андухта, ба яке аз қувваҳои касбии минтақа табдил ёфт.

Имрӯз Тоҷикистон аз кишварҳоест, ки бо фарзандони далеру ғаюр, ватандору ватанпарвари худ баҳри ҳифзи хоки муқаддаси худ истодагарӣ карда метавонад, зеро, ҷавонони бонангу номус, родмардони шуҷои Ватан пуштибони марзу буми аҷдодианд.

Имрӯз бо сарбаландӣ метавон гуфт, ки бонувони шуҷою матиниродаи тоҷик низ рисолати сулхҳпарварӣ, озодихоҳӣ, ватандорӣ ва ватанпарастиро баробари мардон бар дӯш гирифта, дар эъмори давлатдорӣ, ҳифзи истиқлолияти беназир, таъмини суботу осудагии кишвар ва мардум нақши калидии худро доро ҳастанд.

 Новобаста аз гирудориҳои сиёсии дохиливу бурунмарзӣ занону бонувони тоҷик ба Ватан содиқонаву софдилона баробари мардон шуҷоатмандона хизмат намуда, сол то сол теъдоди онҳо дар сохторҳои қудративу низомӣ зиёд гардида истодааст.

 Дар ҳайати шахсии хизматчиёни ҳарбӣ ва хизматчиёни ғайринизомии Вазорати мудофиаи ҶумҳурииТоҷикистон фаъолият доштани 1 ҳазору 162 нафар занону бонувон худ шаҳодати ғамхориҳо ва дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати малакат буда, занону бонувон бо сарбаландӣ ба халқу Ватан хизмат намуда истодаанд,-афзуд Файзиддинзода Бунафша.

 Баромадкунандагон таърихи 32-солаи тайнамудаи Қувваҳои Мусаллаҳро ҳамаҷониба таҳлил намуда, ба афсарону сарбозон барои таъмини сулҳу осоиштагӣ ва амну амонии мамлакат изҳори сипос намуданд.

Барномаи рангини фарҳангӣ анҷомбахши мантиқии ҳамоиши “Занон-сипари боэътимоди Ватан”гардида, афсарзанони матин барои хизматҳои шоён бо Сипосномаи Кумита ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Поделиться в