Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

«Саҳми занон дар рушди илм». Таҳти ин унвон Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид

25 феврали 2025, сешанбе

Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рўзи байналмилалии занону духтарон дар илм дар ҳамкорӣ бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дастгирии СММ-Занон Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии “Саҳми занон дар рушди илм”-ро баргузор намуд.Мавриди тазаккур аст, ки конференсияи мазкур ҳамасола дар сатҳи ҷумҳуриявӣ доир гардида, имсол бо талоши Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва СММ-Занон ба сатҳи байналмилалӣ бароварда шуда, нахустин конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ арзёбӣ мегардад. Конференсияи мазкур дар заминаи эълон гардидани “Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, эълон гардидани пан ҷсолаи Соли иқтисоди рақамӣ ва инноватсия бахшида ба Рўзи байналмилалии занону духтарон дар илм таҳти роҳбарии Раиси Кумита Файзиддинзода Бунафша доир гардида, дар кори он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Узви вобастаи АМИТ, номзади илмҳои техникӣ Мансурӣ Дилрабо, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих Муинӣ Мавсума, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвақтзода Қобилҷон ва Байдуллоева Марзия-намояндаи СММ-Занон зимни суханронӣ аз сиёсати илмпарваронаи давлату Ҳукумат ва нақши меҳварии занону бонувони олима ва ихтироъкор дар пешрафти илми муосири тоҷик, дастовардҳои илмии занону бонувон дар риштаҳои мухталифи илмӣ ибрози назар намуда, дар сатҳи байналмилалӣ доир гардидани чорабинии илмиро қаноатманд арзёбӣ намуданд. Зеро, имрўз занону бонувони мо бо дастовардҳои илмӣ ва ихтирооти нодири худ ҷоизабарандагони байналмилалӣ маҳсуб ёфта, илми то ҷикро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифгар мебошанд.  Зикр карда шуд, ки олимаҳо ва ихтироъкорзанони тоҷик ҳамчун қишри варзидаи зиёиён насли наврасу ҷавони кишварро даъват бар он доранд, ки ташаббуси фарогирии илму донишро дастгирӣ карда, пайваста дар таъмини густариш додани истифодаи технологияҳои муосир дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ, тақвият бахшидани тафаккури техникии аҳолӣ ва дар навбати аввал, фароҳам овардани фазои мусоид барои пешрафти илмҳои бунёдӣ ва техникиву технологӣ ва тавсеаи ҷаҳонбинии илмии ҷомеа саҳмгузор бошанд. Конференсия дар ду бахш: ҷаласаи пленарӣ ва бахши илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ ҷараён гирифта, дар он дастоварду муваффақиятҳо ва пажўҳишу ихтироотҳои илмии олимаҳои тоҷик муаррифӣ гардид. Бешак, баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ ба пажӯҳишгарони ҷавон, аспирантону магистрон заминаҳои нави илмиро муҳайё намуда, шумораи беши ҷавондухтаронро ба анҷом додани корҳои илмӣ ҳидояткунанда мебошад. Таҳлили ҳамасолаи мақолаҳои илмӣ нишон медиҳад, ки олимаҳову занони ихтироъкори тоҷик бо истифода аз техникаву технология ва воситаву абзори пешқадами таҳқиқоти илмӣ пайваста барои такмил додани сатҳу савияи дониш ва пажўҳиши илмии худ кўшиш намуда, тамоми нерўи худро барои афзудани обрўву эътибори илми тоҷик, фарҳанг ва маънавиёт, мубориза бо таассубу хурофот, ифротгароиву мафкураи иртиҷоӣ равона менамоянд.  ь Дар фароварди кори конференсияи илмӣ бо дарназардошти саҳми арзандаи олимаҳову ихтироъкорон дар рушди илми муосир ва муаррифии дастовардҳои илми тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ як қатор занону бонувони соҳаи илму ихтироот бо Ифтихорномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд. Ин иқдом албатта, барои баланд бардоштани рўҳияи олимони ҷавон мусоидат намуда, дар оянда низ баҳри ҳавасмандкунии ин қишри фаъоли ҷомеа чорабиниҳои зиёди илмӣ доир мегарданд.

 

Поделиться в