Таҷлили Рӯзи Модар

Имрӯз бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар бо иштироки ходимони давлатӣ, фаъолони арсаи сиёсат ва ҷомеа, намояндагони вазорату идораҳо ҳамоиши тантанавии идона баргузор гардид.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо, иброз дошт, ки дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани Рӯзи Модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба модарону занон ва дар даврони соҳибистиқлолӣ ба мақому манзалати хоса соҳиб гаштани онҳо мебошад. Зеро занони тоҷик ҳанӯз дар оғози даврони Истиқлоли давлатӣ ба хотири ҳифзу ҳуқуқу озодиҳои худ ва ба эътидол овардани вазъи мамлакат азму талош карда, дар роҳи расидан ба сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ, бо нангу номуси ватандорӣ ва бо заҳмати софдилона дар пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа саҳми арзишманд доранд.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Бунафша Файзиддинзода иброз дошт, ки Ҳукумати мамлакат барои мунтазам беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии занон ҳамаи тадбирҳои заруриро андешида истода, барои ҷалби бештари онҳо ба ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятии ҷомеа чораҳои судманд амалӣ мешавад. Ҳукумати мамлакат минбаъд низ ба занону духтарон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа такя мекунад ва барои ҳали мушкилоти ин табақаи бонуфузи иҷтимоӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ месозад.
Чорабинии идонаро барномаи рангини фарҳангии ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ шаҳомати хоса бахшида, ба иштирокдорон накҳату нафосати идонаро эҳдо намуд.