Оғози намоиш-фурӯши маҳсулоти чакандӯзию гулдӯзӣ дар шаҳри Душанбе
01 марти 2025, шанбе

Имрӯз бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Боғи Куруши Кабир»-и шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти чакандӯзию гулдӯзӣ оғоз гардид.
Дар кушодашавии намоиш-фурӯши мазкур Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон Файзиддинзода Бунафша, муовини раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ин намоиш-фурӯш ҳунармандону чакандӯзон ва зардӯзонро аз тамоми гӯшаю канори мамлакат ҷамъ оварда, имкон фароҳам меоранд, ки ҳунари волояшонро ба сокинону меҳмонони пойтахт пешниҳод намоянд.
Маҳз бо шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон ҳунарҳои мардумии қариб аз байн рафта аз нав эҳё гардида, рушд меёбанд,
Бояд гуфт, ки ин иқдом ба хотири ҳифзи ҳунару ҳунармандӣ ва эҳёи анъанаҳои миллии мардуми тоҷик гирифта шудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста талош менамоянд, ки ҳунарҳои мардумӣ аз байн нарафта, баръакс ҳунарҳои фаромӯшгардида аз нав эҳё гарданд.
Ёдовар мешавем ки аз 1 то 21 марти соли равон дар дар «Боғи Куруши Кабир»-и шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти чакандӯзию гулдӯзӣ баргузор мегардад.