Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

Фестивали «Сад ранги чакан» дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардид

05 марти 2025, чоршанбе
Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев» бахшида ба Рӯзи Модар ва арҷгузорӣ ба таъриху тамаддун, фарҳанг, расму ойинҳои миллӣ, бо иштироки тарроҳону ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои мамлакат Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» баргузор гардид.
Дар фестивал муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Бунафша Файзиддинзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ва занони фаъоли ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ,иброз дошт, ки баргузории Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» ва намоиш-фурӯши он яке аз тадбирҳои гиромидошти арзишҳои асили фарҳанги миллӣ мебошад. Он ба тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, баланд бардоштани мақому манзалати нақшу нигор, сӯзанидӯзиву гулдӯзии матоъҳои миллӣ, намоиш ва муаррифии ҳунари волои тарроҳону ҳунармандони ватанӣ равона гардидааст. Итминони комил дорем, ки ҳунармандони асили миллат бо мақсади эҳёи ҳунару суннат ва расму оинҳои аз байнрафта, саҳми назарраси худро мегузоранд.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Бунафша Файзиддинзода иброз дошт, ки муддати ду моҳи аввали соли 2025 шаҳомату ҷилваи сад ранги чакан дар сад чамани Тоҷикистони соҳибистиқлол танинандоз буд, ки аз омад-омади фасли нозанини Баҳор, аз ҳувияту фарҳангсолории миллати соҳибхиради тоҷик, аз фазилату назокати чакан дар матои абрешимии ватанӣ ва аз ҳусну таровати зан-духтари тоҷик мужда медод.
Бо назардошти муваффақиятҳои ба дастовардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти шинохти чеҳраи сиёсию фарҳангии миллати тоҷик ва тамаддуни бостонӣ дар арсаи байналмилалӣ, мо занон бояд асолати эҳё намудани фарҳанги миллии халқи тоҷикро такмил диҳем. Барои сокинону меҳмонони дохилу хориҷи мамлакат фарҳанги асили аҷдодонро муаррифӣ намоем»,-изҳор дошт Бунафша Файзиддинзода.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, кумита ва вазорату идораҳои дахлдор тасмим гирифтаанд, ки соли оянда Фестивали «Сад ранги чакан»-ро ҳамчун Фестивал-озмун ташкил ва баргузор намояд. Зеро дар ҷодаи ҳунару ҳунармандӣ барои дарёфти беҳтарин тарроҳону ҳунармандон, чакандӯзону сӯзанидӯзон ва намунаи асилу барҷастаи нақшу нигори миллӣ дар намунаи чакан майдони рақобатпазириро боз ҳам васеъ менамояд.
Дар охири чорабини ба тарроҳон ва иштирокчиёни фаъол Ифтихорнома ва туҳфаҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид.
https://comwom.tj//storage/news/March2025/photo_2025-03-05_16-56-53.jpg

Поделиться в