Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули “Хона ба хона”

19 июни 2020, ҷумъа

Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд дар асоси нақшаи чорабиниҳо то имрӯз дар 18 шаҳру ноҳияҳои вилоят байни сокинон бо усули “Хона ба хона” вобаста ба масъалаҳои тарғибу ташвиқи сиёсати имрӯза, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, муҳоҷират, зӯроварӣ дар оила, бемориҳои сироятӣ аз ҷумла пешгирии бемории сироятии коронавирус COVID-19 ва рафти амалишавии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ, захираи кофии маводи хӯрока дар фаслҳои тирамоҳу зимистон ва пешгирии баландравии нарху наво дар бозорҳо, истифодаи оқилонаи замини наздиавлигӣ, риояи гигиенаи шахсӣ, тозаю озода нигоҳ доштани манзили зист, пайваста корҳои профилактикию фаҳмондадиҳӣ ва тақсимоти маводҳои иттилоотӣ гузаронида истодааст.

Поделиться в