Тарғибу ташвиқ дар шаҳри Конибодом
Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар деҳаи сарҳадии Равоти шаҳри Конибодом аз ҷониби шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи шаҳр ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо усули “Хона ба хона” оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID-19, назорати кӯдакону наврасон зимни таътил, бидуни зарурат ба кӯча набаромадани калонсолон, ташвиқу тарғиби тарзи хаёти солим, риояи гигиенаи шахсӣ дар ин самт пурзӯр карда шудааст. Ҳамзамон муроҷиатномаи Раиси вилоят ва ниқобҳои муҳофизатӣ ба аҳоли тақсим карда шуд.