Ба қоидаҳои беҳдоштӣ риоя кунед
Бо дастуру супоришҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷиикистон ва Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд муҳтарам Маъруф Музаммадзода гурӯҳи тарғиботӣ иборат аз масъулини Раёсат ва шуъбаи кор бо занон ва оилаи вилояту шаҳр, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, шуъбаи корҳои дохилаи шаҳр ва фаъолзанони шаҳри Хуҷанд ҷиҳати пешгирии сироятёбии бемории коронавирус маъракаҳои фаҳмондадиҳиро дар Майдони Ғалаба, бозору марказҳои савдои “Панҷшабе”, “Афросиёб”, “Баҳор” ва ошхонаҳои худуди он анҷом дода,ба шахсони бениқоб ниқоб тақсим карда шуд.
Мутаасифона, бархе шаҳрвандон то ҳол оқибати ин бемории сироятиро дарк накарда, ба кӯча бениқоби муҳофизатӣ, бериояи фосилаи байниҳамдигарӣ гаштугузор доранд.