Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Тарғибу ташвиқ дар ноҳияи Шуғнон

23 июни 2020, сешанбе

Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи Шуғнон дар якҷоягӣ бо раисони маҳаллаҳои ноҳия вобаста ба масъалаҳои тарғибу ташвиқи сиёсати имрӯза, бемориҳои сироятӣ аз ҷумла пешгирии бемории сироятии коронавирус «COVID-19», риояи гигиенаи шахсӣ, тозаю озода нигоҳ доштани манзили зист, истифодаи оқилонаи замини наздињавлигӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ доир намуд.  Роҷеъ ба ин масъала кормандони бахши кор бо занон ва оила аз коргоҳи дӯзандагии “Ҳаёт”-и ноҳияи Шуғнон, ки ба дӯхтани курпаю курпача машғул буданд, дидан карданд. Дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳӣ идома дорад.

Поделиться в