Зан маҳзари покизагист
Бахшида ба 23-юмин солгарди Ваҳдати миллӣ тибқи нақшаи чорабинии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом ва фаъолзанони шаҳр бо ҷалби аҳолӣ шанбегиҳо таҳти унвони "Зан маҳзари покизагист"-ро мунтазам ба роҳ монда шуда, дар ин раванд суҳбатҳову мулоқотҳо оид ба ободонию бунёдкорӣ, кабудизоркунӣ, шинонидани гул ва зебо намудани гулгаштҳо, таъмири хонаю дар, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, риояи талаботи санитарию гигиенӣ бо сокинони шаҳр баргузор шуда истодааст.