Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Фаъолгардонии корхонаҳои дӯзандагӣ дар ноҳияи Рашт

24 июни 2020, чоршанбе

Тибқи иттилои шуъбаи кор бо занон ва  оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ҷиҳати пешгирӣ намудани бемории сироятии коронавирус «COVID-19» дар корхонаҳои дӯзандагии “МХҶ Мададгор”, “Чевар - 2014”, “Субҳи Рашт”, “Зуњал”, “Наврӯз - 14”, “Самад” ва занони ҳунарманди ҷамоатҳои шаҳраку дењот, ки дар хона ба дӯхтани ниқобҳои муҳофизатӣ ва либосҳои махсуси муҳофизатӣ ҷалб гардиданд, то имрӯз 9643 адад ниқобҳо ва 460 адад либосҳои махсуси муҳофизатӣ омода карданд, ки дар умум 10103 ададро ташкил медиҳад. Ба ин васила духтарони бешуғл ба кор таъмин карда шуданд.

Поделиться в