Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ

26 июни 2020, ҷумъа

Ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ бонувони ваҳдатсарои шаҳри Конибодом тибқи нақшаи чорабиниҳои шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи шаҳр бо иқдоми шӯрои шаҳрии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон  ба қисми низомии 04080 барои табрикоти сарбозону афсарон рафта, қисми ҳарбиро бо муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуда, ба онҳо сиҳатмандию сарфарозӣ ва хизмати шоиста таманно карданд.

Ҳамзамон, барои бохабар гаштан аз вазъи зиндагию рӯзгори сокинон дар даврони таътил,  раиси шӯрои занони шаҳр аз хонадони якчанд бонувони шаҳр дидан карданд. Бо онҳо оид ба роияи коидаҳои беҳдоштӣ, самаранок истифода намудани замини назди ҳавлигӣ, беназорат нагузоштани фарзандон, бахусус ба духтарон омӯзонидани ҳунарҳои мардумӣ ва нозукиҳои рӯзгор суҳбат оростанд. 

Поделиться в