Ҷойҳои нави корӣ барои занон ва духтарон зиёд гардид
Боздиди шуъбаи кор бо занони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ва шуъбаи ҷавонон ва варзиши вилоят аз коргоҳи дӯзандагӣ, ки бахшида ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон моҳи августи соли 2020 ифтитоҳ мегардад. Дар коргоҳи мазкур 50 нафар занону бонувон соҳиби ҷойи кори доимӣ хоҳанд гашт.