Иҷрои самараноки барномаҳо
Ҷаласаи назди муовини Раиси Кумита бо иштироки мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар ҷаласа роҳбарияти Кумита дар хусуси иҷрои санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатии соҳавӣ аз қабили Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022, Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020, Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зурооварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023 ва Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф зада, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои дар ин самт ҷойдошта супоришҳои мушаххас дод.