Тарбияи кадрҳои болаёқат
Бо мақсади иҷрои Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022 санаи 2.04.2020 вохӯрии Роҳбарияти Кумита бо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишҷӯдухтарони фаъолу болаёқати донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ Роҳбарияти Кумита аз хусуси дастгириву ғамхории пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосатан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону ҷавондухтаронро, мақому манзалати баргузидаи зан дар ҷомеаи имрӯза, дастовардҳо ва муваффақиятҳои беназири бадастовардаи бонуи тоҷик дар замони соҳибистиқлолии мамлакат сухан ронда, ҷавононро ба ҳаёти созандаю бунёдкорона ҳидоят намуданд.
Ҷиҳати дар рӯҳияи ватандӯстию инсондӯстӣ тарбия намудани ҷавонон филми “Хиёнат” ба намоиш гузошта шуда, фикру андешаҳои ҷавонон ва таклифу пешниҳодҳои иштирокдорон ҷиҳати расидан ба зиндагии шоиста шунида шуд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба 20 нафар фаъолондухтарони илму маърифат атпендия дар ҳаҷми 400 сомонӣ дода шуд.