Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Бар зидди COVID-19 бетараф набош!

07 июли 2020, сешанбе

Шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хучанд якҷоя бо сохторҳои дахлдори давлатӣ бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавируси нави COVID-19, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотиро дар маркази шаҳр, бозори Панҷшанбе, кӯчаи маҳаллаи 19-уми шаҳр ва ҷойҳои серодам доир намуд.
Мутаасифона, бархе аз шаҳрвандон то ба ҳол оқибатҳои нохуши ин бемории сироятиро дарк накарда, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, серодам, дар нақлиёт бе ниқобҳои муҳофизатӣ гаштугузор намуда, ҷони худ ва наздиконашонро  зери хатар мегузоранд.  Илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ.

Поделиться в