Омодагиҳо ба ҷашни дар пеш истода
Таҳти роҳбарии Муовини Сарвазири ҶТ Азим Иброҳим санаи 7 июли соли равон дар толори бинои МИҲД ноҳияи И.Сомонӣ бо иштироки роҳбарони гурӯҳи корӣ, раисон ва муовинони раисони ноҳияҳои И.Сомонӣ, Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Сино, роҳбарони ташкилоту массисиаҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе оид ба вусъат бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ ва иҷрои саривақтии Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои таъмини аҳолӣ бо оби нушокӣ, таъмиру тармими биноҳои фарсуда, саривақт баровардани партовҳо, таъмири қубурҳои обгузар, шабакаҳои гармидиҳӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҷиҳати алли масъалаҳои болозикр ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуданд.