Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Худ ва дигаронро эҳтиёт намо!

08 июли 2020, чоршанбе

             Дар робита ба иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо иштироки намояндгони сохторҳои дахлдор ҷаласаи сайёри гурӯҳи корӣ оид ба тақвияти корҳои таблиғотӣ ҷиҳати пешгирии бемории сироятии КОВИД-19 доир гардид.
Сипас аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ дар назди майдони "Дӯстӣ", МД "Наврӯзгоҳ", МД Боғи ба номи устод Рӯдакӣ, МД Боғи ба номи С.Айнӣ, МД "Душанбе-Плаза", нуқтаҳои савдо ва дигар маконҳои муайянгардида корҳои фаҳмондадиҳӣ бо тақсимоти ниқоб ба роҳ монда шуд.

Поделиться в