Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Оила-ҷойгоҳи муқаддас

11 майи 2019, шанбе


Бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ҶСК «Ориёнбонк» бахшида ба бузургдошти «Рӯзи Оила» дар бинои ҶСК «Ориёнбонк» маҳфили фарҳангӣ, адабӣ-фароғатӣ доир гардид.
Дар чорбинии мазкур намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, оилаҳои ҷавон ва рӯзгордида, оилаҳои ҳунарманд ширкат варзиданд.
Ҳамзамон, маҳсули дастони моҳири ҳунармандони чирадаст ба маърази тамошо гузошта шуд.
Ҳадафи баргузории чорабинии болозикр ин боз ҳам мустаҳкам ва пойдор нигоҳ доштани мавқеи оила дар ҷомеа, эҳтиром ба анъана, расму ойини оиладорӣ мебошад.
Зеро ҳар паёми ироанамудаи Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба аҳли ҷомеа ба яке аз масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ва ҳаётии миллат - таҳкиму пойдории оила ва муносибатҳои оиладорӣ нигаронида шудааст, зеро оилаи солим пояи устувории давлату миллат буда, маҳаки асосии субот ва назму тартиби ҷомеа ва давлату давлатдорӣ мебошад.
Дар фарҷоми барнома аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶСК «Ориёнбонк» ба меҳмонони маҳфил тӯҳфаҳои хотиравӣ ва Сипоснома супорида шуд.

Поделиться в