Пешгирӣ аз сироятшавӣ
Шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ тибқи супориши Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, назорати кӯдакону наврасон зимни таътил, ба китобхонӣ ҷалб намудани онҳо, бидуни зарурат ба кӯча набаромадани калонсолон, ташвиқу тарғиби тарзи хаёти солим, риояи гигиенаи шахсӣ бо фаъолзанони ноҳияи Роштқалъа вохӯрӣ баргузор намуд. Мавриди суханронӣ таъкид гардид, ки ҳангоми гашту гузор дар кӯчаю маҳаллаҳо аз ниқоби муҳофизатӣ истифода намуда, худ ва дигаронро эҳтиёт намоянд.