Тарғибу ташвиқ дар ноҳияи Рашт
Бо мақсади иҷрои супоришҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сирорятии коронавирус "COVID-19" ва ташаккули тарзи ҳаёти солим дар маркази ноҳия бо иштироки гурӯҳҳои корӣ иборат аз 45 нафар фаъолзанони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳои ноҳия дар байни оммаи васеъ, аз ҷумла 800 нафар занону бонувон аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, бозори “Файзи кўҳсор”, беморхонаи марказӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронид.