Сиҳатии аҳолӣ – солимии ҷомеа
Таҳти рубрикаи мазкур аз ҷониби Кумита аксияи иттилоотӣ дар хиёбони Нусратулло Махсуми ноҳияи Сино баргузор гардид.
Ҳадаф аз ташкил ва баргузории аксия ин пеш аз ҳама пешгирии паҳншавии вируси "COVID-19", тозаву озода намудани гирду атрофи биноҳои истиқоматӣ, назди партовгоҳҳо, ободкорию созандагӣ, гулшинонӣ ва дигар корҳои бунёдкорӣ буда, аз иштирокдорони аксия даъват ба амал оварда шуд, ки ба хотири солимию ободии ҷомеа саҳми назаррасӣ худро гузошта, талаботҳо шаҳрнишинӣ ва қоидаҳои санитарию гигиениро риоя намуда, фарзандонро дар руҳияи инсондӯстӣ, ватанпарастӣ тарбия намоянд. Зимни чорабинӣ ба иштирокчиён аксия маводҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.