Ҷараёни корҳои пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» дар шаҳри Хуҷанд
Шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тибқи супориши Кумитаи кор бо занон ва огилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо шуъбаи корҳои дохилии шаҳр, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, Ҳизби Халқии Деморкратии Тоҷикистон дар шаҳри Хучанд ва занони фаъол дар минтақаи бозори Панҷшанбе, кӯчаҳои марказии шаҳр, ошхонаву каҳвахонаҳо, мағозаҳо, роҳҳои серодам ва истгоҳҳо бо аҳолӣ суҳбату корҳои фаҳмондадиҳӣ доир намуда, ба аҳолӣ тавсиянома ва варақаҳои иттилоотӣ тақсим карданд.
Мавриди ба зикр аст, ки гаштугузор бениқоби муҳофизатӣ дар маконҳои серодам ва риоя нагардидани қоидаҳои беҳдоштӣ хавфи афзоиши сироятёбӣ аз ин беморӣ хоҳад гашт.