Хабаро аз Муъминобод
Суҳбату вохӯриҳо аз ҷониби бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод тибқи супориши Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди пешгирӣ аз сироятшавии бемории коронавирус COVID-19, вусъат бахшидани корҳои ободонӣ, бунёдкорӣ, созандагӣ ба ифтихори 30 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, бо назардошти вазъи кунунии ҷомеа гузаронидани ҳама гуна маросим дар доираи оила, дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия кардани фарзандон, назорат аз болои фарзандон дар давраи таътили тобистона, бо аҳли ҷамоатчигӣ суҳбатҳо гузаронида шуданд.
Дар суҳбатҳо инчунин вобаста ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва риояи Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои занону духтарон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди қарор дода шуд.