Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Хабарҳо аз Рашт

13 июли 2020, душанбе

Шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳияи Рашт дар ҳамкорӣ бо дафтари САҲА “Маркази дастгирии занон” барои дастгирии қишри осебпазири ҷомеа ҷиҳати пешгирӣ аз хуруҷи бемории COVID-19 бо сокинони ҷамоатҳои деҳоти Қалъаи сурх, Навдӣ, Ясман маводҳои пешгирикунанда; 25 адад ниқоб, 250 адад дастпӯшак, 250 адад собун, 250 адад маводи антисептикӣ, 1000 адад буклет тақсим намуданд.

Тибқи дастуру супоришҳои Кумита ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт шуъбаи кор бо занон ва оила дар ҳамкорӣ бо бахши ҷавонон ва варзиш аксия дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва маркази ноҳия барои пешгирӣ аз хуруҷи бемории COVID-19, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, 2000 адад ниқобҳои муҳофизатӣ, 112 халтаи орд, 112 бастаи равған дар ҷамоатҳои Қалъаи сурх, Қалъанак ва шаҳраки Ғарм ба оилаҳои камбизоат ва оилаҳои осеппазир дастрас карда шуд.

 

Поделиться в