Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷамбасти натиҷаҳои фаъолият

14 июли 2020, сешанбе

        Ҷаласаи Мушовараи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Кумита, муовинони Раис, сардорони Раёсат, мудирони шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи МИҲД – вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо доир ба ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар нимсолаи якуми соли 2020 ва муайян намудани вазифаҳои минбаъда барои нимсолаи дуюми соли 2020 баргузор гардид.

Дар мушовара ҳисоботи сардорони Раёсат, мудирони шуъба ва бахшҳо оид ба бурду бохт, мушкилоти соҳа шунида шуда, роҳҳои ҳал ва тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта пешниҳодҳо манзур гардид.

Нақшаи кории Кумита барои нимсолаи дуюми соли 2020 аз ҷониби ҳайати мушовара ва иштирокчиён тасдиқ гардида, роҳбарияти Кумита ҷиҳати боз ҳам фаъол намудани нишондиҳандаи фаъолияти Раёсат, шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оила дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.

 

Поделиться в