Ваҳдат кафили ҳаёти осоиштаи мардум
Санаи 14 июли соли ҷорӣ бо иштироки Раиси Кумита Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон, муовинони Раис, сардорони Раёсат, мудирони шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи МИҲД –и вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар, собиқадорони меҳнат ва гирандагони стипендияи Кумита мизи мудаввар таҳти унвони «Модарон – ҷонибдори сулҳу осоиш» баргузор гардид.
Дар сароғоз таъкидҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати таҳдиду хатарҳои гурӯҳҳои террористию экстремистӣ: “Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини саёра аст” садо дода, дар рафти он масъалаҳои “Амалҳои ҷиноятии Ҳизби наҳзати ислом”, “М.Кабирӣ – хоини миллат”, “Саҳми Пешвои миллат дар таҳкими Ваҳдати миллӣ”, “Ба қадри Истиқлолият бояд расид” мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Раиси Кумита аз иштирокдорони мизи мудаввар даъват ба амал овард, ки мо бояд доим ҳушёр бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, дар ғафлат намонем ва барои ҳимояи муқаддастарину бузургтарин неъмати ҳастию зиндагиамон, яъне истиқлолу озодии кишварамон омода бошем.
Дар чунин шароит табиист, ки аҳамият ва нақши худшиносии миллӣ, ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмии аҳли ҷомеа ва манфиатҳои давлату миллат беш аз ҳарвақта меафзояд.
Боварӣ дорам, ки хурду бузурги кишвар минбаъд низ таҳти парчами истиқлолу озодӣ тамоми кӯшишу талоши худро ба хотири пешрафти давлат, ободии Ватан ва осоиши ҳар як фарди мамлакат сафарбар месозад.
Дар фарҷом муроҷиати модарон қабул гардид.
Посухи модари тоҷик ба Кабирӣ
Муроҷиати ироагардидаи Муиддин Кабирӣ ба мардуми зудбовару зулмдидаи тоҷик, ки талаби истеъфои Эмомалӣ Раҳмонро аз мансаби президентӣ ва тайири ҳукумати кунуниро дорад, мо, модаронро бетараф нагузошт ва мо, ки як қувваи бузурги ҷомеа ҳастем, метавонем бо қувваҳои аҳримании Кабирӣ ва пайравони чалласаводи ӯ истодагарӣ кунем. Мо, модарон бар ивази заҳмату хизматҳои содиқонаву одилонаи роҳбари хирадманду инсонпарвар, фарзанди фарзонаи модари тоҷик Эмомалӣ Раҳмон сина сипар намуда, бар зидди душманону хоинони ин давлату ин сарзамини аҷдодӣ муборизаи беамон мебарем. Модари тоҷик то кунун садои тиру туфанг, садову нолаи фарзанди бепадармонда, фиғону оҳи ҷонсӯзи модари беписармонда ва зани бешавҳармонда, қаҳтию гуруснагӣ, куштору хунрезии ҷанги шаҳрвандии бародаркушро фаромӯш насохтааст, ки бародар ташнаи хуни бародар бо теғи зулму ҷаҳолат сарашро аз тан ҷудо мекард.
Имрӯз қалби бузурги модар ба хоинони Ватан, хоинони давлату миллат лаънат хонда, дигар намемонем, ки оташи ҷанги хонумонсӯз миёни фарзандони модари тоҷик аланга занад, намемонем, ки даҳҳо фарзандону падарон ва шавҳарону бародарони мо фирефтаи доми заҳролуди Заҳҳоки хунхор дар симои Муҳиддин Кабирӣ ва пайравони ӯ гарданд. Ва барои дубора такрор наёфтани он воқеаҳои мудҳиши хунин, ки мислашро таърих надидааст, мо омода ҳастем, ки дар бари Президенти маҳбуби пиру барно, Пешвои пешбарандаи миллат Эмомалӣ Раҳмон ба як по рост истода, ватанро аз хоинон ҳифозат намоем.
Маҳз Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки миллатро аз парокандашавӣ, халқро аз нобудшавӣ наҷот дода, бар ивази ҷони ҷавони хеш миллатро сарҷамъ намуда, Тоҷикистонро аз дуди ғализи сиёҳи ҳанг ба як кишвари афсонавии ободу зебо ва рушдёфта, ки шабоҳат ба «Қишлоқи тиллоӣ» дорад, табдил дода, сулҳу салоҳи пойдор, ваҳдату истиқлолияти беназири ватанро ба шаҳрвандони Тоҷикистон ҳадя намуд. Охирин гурезаро ба Ватан, фарзандро ба модар, шавҳарро ба ҳамсар бозгардонд. Сиёсати мустаҳками инсонпарваронаю адолатпарваронаро пешаи роҳбарии худ намуд. Суботи давлату ҷомеаро тинҷу ором намуд. Бо забону гуфтори тоҷикона Тоҷикистонро машҳури оламиён кард. Ба шарофати ин ҳама дастовардҳои беназир имрӯз хонадони тоҷик зери ҳимояи давлат ҳаёти осуда дошта, фарзандон дар иҳотаи навозишу парастории модарон камол ёфта истодаанд.
Модари тоҷик дуогӯи шоҳсутуни миллат, фарзанди банангу баномуси халқ, Пешвои пешбаранда Эмомалӣ Раҳмон аст, ки халқу миллатро ба сӯи музаффариятҳо, ба сӯи зиндагии шоиста ҳидоятгар аст.
Зиҳӣ, Пешвои маҳбуби мо, зиҳӣ!