Тарғибу ташвиқ дар шаҳри Конибодом
Дар асоси нақшаи муштараки шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом ва шуъбаи корҳои дохилии шаҳр дар марказ ва бозори Панҷшанбеи ҷамоати Пулод рейди муштарак баргузор карда шуд. Зимни баргузории рейд аз ҷониби масъулин бо шаҳрвандон оид ба ҳатмӣ будани истифодаи ниқоби тиббӣ, фарҳанги либоспӯшиии миллӣ байни занону духтарон, назорати ҷиддии ноболиғон аз тарафи волидон, аз амалҳои номатлуб дар канор будан ва ба китобхониву тарбияи дуруст фаро гирифтани духтарон, бахусус ноболиғон суҳбатҳои фардии фаҳмондадиҳӣ баргузор карда шуд.