Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Корҳои тарғиботӣ дар ноҳияи Панҷ

15 июли 2020, чоршанбе

Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ тибқи супориши Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, назорати кӯдакону наврасон дар давраи таътил, ба китобхонӣ ҷалб намудани онҳо, риояи гигиенаи шахсӣ бо усули фардии “хона ба хона” дар ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдат бо 25 оила  корҳои фаҳмондадиҳи баргузор намуд.

 

Поделиться в