Фаъолияти гурӯҳҳои корӣ дар минтақаи Рашт
Фаъолияти гурӯҳҳои корӣ дар минтақаи Рашт
Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” ва инчунин дар бораи пешгирии бемориҳои сирояти covid-19 дар асоси нақшаи чорабиниҳои шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт санаи 14 июли соли равон дар маркази шаҳраки Навобод бо иштироки гурӯҳҳои корӣ иборат аз 45 нафар аз ҳисоби мудирони шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, Ҳизби Халқии Демократӣ дар ноҳияи Рашт, кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт, Ташкилоти ҷамъиятии “Ҳилоли Аҳмад” ва кормандони ҷамоати шаҳраки Навобод дар байни оммаи васеъ, 600 нафар аҳли ҷамоатчигӣ, аз ҷумла занону бонувон вобаста ба пешгиии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи хештаншиносӣ, ватандӯстию ватанпарастӣ, созандагию бунёдкорӣ корҳои фаҳмандадиҳӣ гузаронида шуда, ҷиҳати пешгирии раванди болоравии сироятёбӣ ба covid-19 600 адад ниқобҳои муҳофизатӣ тақсим карда шуд.