Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Замин баракати зиндагӣ

16 июли 2020, панҷшанбе

Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, захиракунӣ ва консервакунонии маҳсулотҳои кишоварзӣ, меваю сабзавоти тару тоза дар ноҳияҳои Кушониён ва Хуросон аз рӯи усули “хона ба хона” корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуда, ҳамчун аъзои ситоди вилоятӣ оид ба пешгирии сироятёбӣ аз бемории коронавирус, истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва серодам суҳбатҳо анҷом дод.

Раёсат занону модаронро ҷиҳати омӯзиши усули консервакунонии меваю сабзавот ба семинари назариявӣ ҷалб намуда, аз ҷониби собиқадори меҳнат  Холматова Холдорой тавсияҳои судманд гирифтанд. Мавриди зикр аст, ки асарияти кадбонуҳои ҳунарманди ноҳияҳои Кушониён ва Хуросон айни замон зиёда аз 150 зарфҳои афшура, мураббо, шарбати мева ва ғайраро захира намуданд.

Поделиться в