Суботи оила - сарчашмаи суботи ҷомеа
Бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва Иттиҳодияи ҷамъиятии «Маърифати шаҳрвандӣ» бахшида ба бузургдошти Рӯзи байналмилалии Оила дар боғи фарҳангии шаҳри Ваҳдат аксияи «Модарон зидди терроризм» баргузор гардид, ки ҳадаф аз баргузории ин аксия пешгирӣ намудани шомилшавии занону ҷавонон ба ҳар гуна гуруҳҳои ифротгаро, ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб буд. Дар чорабинии мазкур намояндаи Кумитаи олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон, варзишгарзани маъруф Мавзуна Чориева иштирок ва баромад намуд.
Худи ҳамон рӯз дар шаҳри Ваҳдат Конференсияи ҷумҳуриявии «Суботи оила- сарчашмаи суботи ҷомеа» доир гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндагони вазорату идораҳо, оилаҳои ҷавон ва рӯзгордида, оилаҳои ҳунарманд ширкат варзиданд.
Ҳадафи баргузории чорабинии болозикр ин боз ҳам мустаҳкам ва пойдор нигоҳ доштани мавқеи оила дар ҷомеа, эҳтиром ба анъана, расму ойини оиладорӣ, пешгирии омилҳои номатлуб, аз қабили шомилшавии занону ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои хатарзо, терроризму экстремизм мебошад.
Дар кори конференсия маърӯзаҳо вобаста ба «Нақши оила дар пешгирии омилҳои номатлуб», «Ҳимояи оила аз хатарҳои муосир, аз қабили экстремизм ва терроризм», «Нақши оила дар таълиму тарбияи фарзанд», «Оила-мактаби омӯзиши ватандорӣ» аз ҷониби намояндагони вазорату идораҳо ироа ва пешниҳод гардиданд.
Аз рӯи натиҷаҳои конференсия Муроҷиатномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба модарон, ҷавонон ва кулли мардуми Тоҷикистон таҳти унвони «Модарон ҷонибдори осоиштагии Тоҷикистон» қабул гардид.